Даъвати М. Убайдулоев аз дипломати бритонӣ

Апрель 29, 2015 09:26

 
Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев хостори ифтитоҳи филиали донишгоҳҳои олӣ ва литсейҳои бритонӣ дар Тоҷикистон шудааст. Мавсуф зимни мулоқот бо сафири тозатаъйини Британияи Кабир дар Тоҷикистон Хю Стэнли Филпотт масоили мубрами таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар бахшҳои мухталиф, назири густариши ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию гуманитариро матраҳ намуд.
Бахусус мусоҳибон атрофи ҷалби бештари бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабир дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, зиёд намудани шумораи корхонаҳои муштарак, квотаҳои мавҷуда барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Британияи Кабир -Оксфорд, Кембриҷ, Мактаби тиҷоратии Лондон, кушодани филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои бритонӣ дар Тоҷикистон табодули назар карданд. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон барои тақвияти равобити иқтисодӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. М. Убайдуллоев зикр кард, ки мувофиқи мақсад мебуд агар ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир ҷараёни ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тезонад.
     Ҳамзамон мусоҳибон доир ба ҷилавгирӣ аз баъзе зуҳуроти номатлуби замони муосир-  терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва соири ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин авзои минтақа, бахусус Афғонистон табодули афкор намуданд. 
 
 

Апрель 29, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст