Фестивали ҳафтаи китоб дар Кӯлоб

Апрель 7, 2015 15:16

Кӯлоб, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ҳамасола аз 2 то 7-уми апрел дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» гузаронида мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониш ва ҷалби кӯдакону наврасон ба китобдӯстию китобхонӣ мебошад. 
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» таҳти шиори «Китоб сарчашмаи дониш аст» дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб доир гардида, дар он озмуни «Дастони моҳир» ва «Расми беҳтарин» низ гузаронида шуд. Ғолибон 9 апрел муайян гардида, бо туҳфаҳои Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ мешаванд. Маҳсули дастони муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру минтақаи Кӯлоб, аз қабили рассомӣ, наққошӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ ва намоиши китобҳои бадеиву соҳавӣ ба маърази тамошо  гузошта шуд. 
Дар қисмати бадеии чорабинӣ муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб оид ба моҳияти китобу китобдорӣ порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд. 

Апрель 7, 2015 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад