“Фестивали гулҳо” дар Хуҷанд

Апрель 21, 2015 08:53

Хуҷанд, 21.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази шимоли кишвар баргузории фестивали гулҳо дар назар аст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти мақомоти шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ  иттилоъ дод, мақсад аз эълон гаштани озмуни мазкур- ин пеш аз ҳама таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бобати эълони «Соли 2015-соли гулҳо» ва дар ин замина вусъат бахшидан ба корҳои ободонии муҳити зист, аз ҷумла симои маҳаллаҳову саҳни биноҳои истиқоматии ташкилоту муассисаҳо, тарғибу ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ ва бедор намудани завқи аҳолӣ нисбат ба ободонии шаҳр ба ҳисоб меравад.       Ба гуфти манбаъ, озмун-фестивал дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Вобаста ба иҷрои шартҳои озмун барои ғолиби ҷои аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, барои ҷои дуввум- 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм — 2000 сомонӣ пешбинӣ шуда, инчунин иштирокдорон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти шаҳр сарфароз гардонида мешаванд.
 
 

Апрель 21, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад