Хакасия: 1 328 манзили зист ба коми оташ рафт

Апрель 17, 2015 10:24

 
 
 Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи телвизионии Рашн-Тудей теъдоди қурбониёни сӯхтори ҷангалзор дар Ҷумҳурии Хакасияи Федератсияи Русия то ҳол ба  29 нафар расида ва дар бораи 3 нафари дигар то ҳол дараке нест. Ба ақидаи мутахассисон сӯхтор бар асари беэҳтиётӣ ҳангоми оташ задани алафҳои хушк авҷ гирифтааст. Дар пайи вазиши шамоли сахт, ки суръаташ ба 25 метр дар сония мерасид, оташсӯзӣ неру афзуда, ҳарчи бештар ба нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини атрофи бешазор наздик меомад. Гуфта мешавад, ки аз ин офати табиӣ 1328 манзили зисти хусусӣ дар 33 нуқтаи маъмурии аҳолинишин хароб гардида, 4 ҳазору 694 кас аз сарпаноҳ маҳрум монд. 
  Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мексика бар асари ихроҷи нафт 500 ҳазор сокини шаҳри Виляэрмоса аз оби ошомиданӣ бенасиб монд. Сабаби нафтолуд шудани рӯд ғайриқонунӣ буридани қубурҳои интиқоли ин навъи сӯзишворӣ мебошанд. Лӯлаи мазкур ба ширкати истеҳсолии газу нафти «Пемекс» мутаалиқ мебошад. Аз  ҳодисаи мазкур, ки ба муҳити зист хатари ҷиддӣ дорад, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мутаваққиф гардидааст. Ба ақидаи мутахассисони  варзида барои аз қабати нафт тоза намудани оби рӯд 3 рӯзи дигар лозим меояд.
 
    Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои Би-Би-Си дар шаҳри Тикрити Ироқ аз зери хок кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар  ҷасади 165 нафарро, ки ба таври ваҳшиёна кушта шудаанд, дарёфт намуданд. Тибқи иттилои кормандони ҳифзи ҳуқуқ кушташудагон кормандону муҳассилини Академияи низомии ҳавоӣ, воқеъ дар шаҳри Тикрит мебошанд. Аммо маълумоти дақиқу мушаххас дар ин бора баъди анҷом додани ташхиси тиббии ҷавҳари хун ё ба истилоҳ ДНК интишор дода хоҳад шуд. Ба иқрори намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ онҳоро ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» ба таври ваҳшиёна қатл намудаанд. 
 
    Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар музофоти Каукаи қисми ҷанубу ғарбии Колумбия миёни неруҳои ҳарбии кишвар ва силоҳбадастони гурӯҳи ҷудоихоҳи «ФАРК» даргирии шадид сурат гирифт. Дар пайи задухӯрди шадиди мутақобилаи таслиҳотӣ чанд тан аз ҷангиёни ин созмони ҷудоиҷӯ кушта шуда, 9 сарбози Артиши миллии Колумбия захмӣ гардид. Ин даргирӣ баъд аз чанд соати эълон Созишномаи оташбас миёни неруҳои ҳукуматии Колумбия ва гурӯҳи ҷудоихоҳи «ФАРК» сар задааст. 
 
   Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Сомали — шаҳри Могадишо бар асари боз як ҳамлаи террористӣ 9 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ба иқрори шоҳидон ва далелҳои дастрас аз сарчашмаҳои муътамад, ҳодиса дар наздикии яке аз биноҳои зисти сокинон ва маркази тиҷоратӣ сар задааст. Аз зарбаи сахти таркиш чанд иншооти маъмурӣ пурра хароб шуд. Масъулияти ин инфиҷори даҳшатборро силоҳбадастони гурӯҳи «Аш-Шабоб» ба уҳда гирфтаанд. Кормандони сохторҳои қудратӣ бо мақсади муайян намудани омилони ҳодиса тафтишоти фавриро ба роҳ мондаанд.
 
 

Апрель 17, 2015 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид