Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази «Тибби Аҷам»

Апрель 1, 2015 10:03

Душанбе,01.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд  дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар ин маркази тиббӣ 5 дастгоҳҳои ташхисии рақамии ултрасадо, рентген ва ғайра, ки истеҳсоли кишварҳои Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд, насб карда шуданд. Лозим ба қайд аст, ки ин намуди таҷҳизоти тиббии рақамӣ дар вилоят нахустин буда, он аз ҷониби мутахассисони ҷавони баландихтиссос корбарӣ мешавад.
Дар Маркази ташхисии муолиҷавии «Тибби Аҷам» баробари ташхис ва 15 намуди муолиҷаи физеотерапевтӣ ҳамчунин беморони касалиҳои дарунӣ ва асаб муолиҷаи шабонарӯзӣ хоҳанд гирифт. Ин мараказ дорои 48 кат бо тамоми шароитҳои муосир мебошад.
Барои бунёди ин марказ аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуда, муассисони ин табабатгоҳ Ёқубҷон ва Гуломҷон Ғаниевҳо мебошанд.

Апрель 1, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд