Иҷозаи дубораи вуруд ба Русия барои 269 шаҳрванди ҶТ

Апрель 21, 2015 09:32

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мунтазам тағйир ёфтани муқаррароти қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ вазъи будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламрави ин давлатҳо рӯз аз рӯз мушкил  менамояд.   Барои ҳалли масъалаи воридшавии дубораи шаҳрвандони кишварамон ба Федератсияи Русия гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Русия таъсис шуд, ки онҳо масъалаи додани иҷозати воридшавии дубораро ба 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамоянд. Дар айни замон аз ҷониби вазорат аризаи 1103 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 173 донишҷӯе, ки дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии ФР таҳсил менамоянд ва  воридшавиашон ба Федератсияи Русия манъ шудааст, барои баррасӣ ба Хадамоти федералии Русия ирсол шудааст. Аз ин шумора ба 269 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 148 нафар донишҷӯй иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Федератсияи Русияро гирифтанд.
Мутобиқи маълумоти баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони кишвар тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дар се моҳи аввали соли 2015 аз ҷумҳурӣ  18 9310  нафар шаҳрванди кишварамон ба хориҷи кишвар сафар намуд, ки аз ин теъдод 163 692 нафар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Дар ин давра аз хориҷи кишвар 127 109 нафар шаҳрванд ба Ватан бозгашт, ки аз ин 109 108 нафарашро муҳоҷири меҳнатӣ ташкил дода, 95 889 нафар мард ва 13 219 нафар зан мебошад.
Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 773 нафар  ё ин, ки 4,3% зиёд ва бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ 32 662 нафар ё ин ки 42,7% зиёд шудааст.
 
 
 

Апрель 21, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад