Иҷозаи дубораи вуруд ба Русия барои 269 шаҳрванди ҶТ
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мунтазам тағйир ёфтани муқаррароти қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ вазъи будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламрави ин давлатҳо рӯз аз рӯз мушкил менамояд. Барои ҳалли масъалаи воридшавии дубораи шаҳрвандони кишварамон ба Федератсияи Русия гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Русия таъсис шуд, ки онҳо масъалаи додани иҷозати воридшавии дубораро ба 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамоянд. Дар айни замон аз ҷониби вазорат аризаи 1103 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 173 донишҷӯе, ки дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии ФР таҳсил менамоянд ва воридшавиашон ба Федератсияи Русия манъ шудааст, барои баррасӣ ба Хадамоти федералии Русия ирсол шудааст. Аз ин шумора ба 269 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 148 нафар донишҷӯй иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Федератсияи Русияро гирифтанд.
Мутобиқи маълумоти баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони кишвар тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дар се моҳи аввали соли 2015 аз ҷумҳурӣ 18 9310 нафар шаҳрванди кишварамон ба хориҷи кишвар сафар намуд, ки аз ин теъдод 163 692 нафар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Дар ин давра аз хориҷи кишвар 127 109 нафар шаҳрванд ба Ватан бозгашт, ки аз ин 109 108 нафарашро муҳоҷири меҳнатӣ ташкил дода, 95 889 нафар мард ва 13 219 нафар зан мебошад.
Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 773 нафар ё ин, ки 4,3% зиёд ва бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ 32 662 нафар ё ин ки 42,7% зиёд шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






