Ифтитоҳи маркази адрасу атласбофӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

Апрель 16, 2015 10:39

Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Баҳри  эҳёи ҳунарҳои милливу мардумӣ ва ҷалби бештари занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ  солҳои охир дар вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти вилоятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин аст, ки дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” ба фаъолият оғоз намуд. Раиси вилоят  зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи марказ   иброз дошт, ки  ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбири муҳим- ин пеш аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ  таъмин намудани занону духтарон ва инчунин ба ин васила коҳиш додани  сафи занони муҳоҷир буда, дар ин раванд замина гузоштан баҳри соҳибкасб намудани занҳои хонашин ва ба роҳ мондани меҳнати хонагист. 
Ба гуфти Абдураҳмон Қодирӣ соли равон дар тамоми ҷамоату деҳоти вилоят таъсиси чунин марказҳо дар назар гирифта шуда, ба ин васила дар ҳудуди вилоят дар нақша аст беш аз 9 ҳазор нафар бонувони  хонашин соҳибкасб гарданд. Аз ҷониби рохбари вилоят  20 адад дастгоҳи адрасбофӣ ройгон тақдим шуда, ёдрас гардид, ки минбаъд  низ ба ҷамоату деҳоти фаъол чунин дастгоҳҳо ройгон тақдим хоҳанд шуд. 
Бояд гуфт, ки алъон  дар маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо”  20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ насб  шуда, дар маҷмӯъ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, онҳо  дар давоми 3 моҳ  бо нозукиҳои адрасбофӣ омӯзонида мешаванд.
 

Апрель 16, 2015 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад