Истиқболи «Фалак» аз ҷашнвораҳои Кӯлоб

Апрель 21, 2015 08:30

Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар чаҳорчӯби истиқболи ҷашнвораи 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд. Ба ин хотир, рӯзҳои истироҳатии ҳар ҳафта дар боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр бо ширкати гурӯҳҳои ҳунарӣ барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд. 
Ҳафтаи қаблӣ ансамбли «Фалак» бо роҳбарии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ба сокинон ва меҳмонони шаҳр як барномаи хуби ҳунариро пешкаш намуд. Мутобиқ ба нақшаи таҳияшуда дар радифи идораи фарҳанг ва хонаҳои маданият, ҳамчунин тамоми гурӯҳҳои ҳунарии шаҳр ва деҳот ба ин чорабинӣ ҷалб шуда, то рӯзи баргузории ҷашнвораҳо барномаҳои ҳунарии худро пешкаши мардум хоҳанд кард.

 
 
 
 
 

Апрель 21, 2015 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст