«Истиқлол» бар «Алъ — Қодисия» пирӯз шуд
Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» ).- Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе дар ҳошияи даври чоруми марҳалаи гурӯҳӣ дорандаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Алъ- Қодисия» — и Кувайтро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт.
Тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов ворид намуданд.
Акнун дастаи «Истиқлол» бо ҳафт хол дар сатри аввали ҷадвали мусобиқот дар гурӯҳӣ «С» қарор дорад. Дар вохӯрии дигар дастаи «Аҳал» -и Туркманистон бо ҳисоби 3:2 бар дастаи «Эрбил» -и Ироқ ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» 29 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар бо дастаи «Эрбил» — Ироқ вомехӯрад.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






