Кӯлоб: «Гирдоби зиндагӣ» -намоишнома

Апрель 25, 2015 10:26

Кӯлоб, 25.04.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол).-Бо ибтикори Президенти ҶТ  соли 2015  ҳамчун «Соли оила» эълон  гардид, ки  бори дигар масъулияти  оилаҳои ҷавонро  барои  мустаҳкамкунӣ  ва пойдории онҳо, пешгирии ҷудошавӣ  ва никоҳи хешутаборӣ , ки боиси  нокомиҳо мегардад,  бештар хоҳад намуд.  
Дар робита ба ин дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  аз рӯи асари  Муродалӣ Набӣ  таҳти унвони  «Гирдоби зиндагӣ»  намоишномаи драмавӣ  ба саҳна гузошта шуд.   Асари нависанда  мавзӯъҳои имрӯзаи ҷомеаро  дар бар гирифта, муносибати хушдоман бо келин  ва келин бо домодро  дар худ таҷассум менамуд.  
Аз намоиш маълум гардид, ки  келини хонадон  дорои маърифати баланд буда ,барои пойдории  оилаи худ  сарбории зиндагиро ба дӯши худ гирифта буд, аммо дар  дар вайрон гардидани  зиндагии ду ҷавон  хушдоман ва хоҳаршӯй  даст доштанд,  арӯси хонадон оқибат  ба фоҷиаи марговар  рӯ ба рӯ  мегардад.  
Тавре ки айён гардид,  нависанда  тарафҳои манфӣ  ва мусбати ин масъаларо  пурра андеша карда,  онро ба ҳунармандони театр  пешниҳод кард. 
Ташкили чунин  намоишҳои театрӣ, ки  мавзӯъҳои доғи рӯзро   дар шакли як саҳнаи театрӣ  манзури тамошобинон менамояд,  дар тарбияи ахлоқии ҷавонон  нақши муносиб хоҳад гузошт. 
Намоишнома  дар дигар  шаҳру навоҳии   вилояти Хатлон низ  намоиш дода мешавад.

Апрель 25, 2015 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст