Кӯлоб: Маҷлиси машваратӣ оид ба рушди саноат
Кӯлоб,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Фарҳод Мадаминов).-Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини вазири кишоварзии ҶТ Ҷамила Саидова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулрӯ Қаюмова, раиси шаҳри Кӯлоб Амонулло Хайрулло, муовинони раис, сардорони шуъбаҳои мақомоти ҳукумати шаҳр, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Мақсади ҷаласа пайдо намудани роҳҳои рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоб буд. Дар машварат муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иброз намуд, ки ҳар сол Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба рушди бештари саноат супориш медиҳад. Ин дастур барои як соли пешомада ва ҳафт соли оянда нигаронида шудааст. Мо бояд дар ин самт рушди иқтисодиро баланд бардошта, ба соҳибкорӣ бештар рӯ орем. Аз маълумотҳо бармеояд, ки мо 82% маҳсулотҳоро аз хориҷи кишвар ворид менамоем. Барои бо маҳсулотҳои худӣ таъмин намудан ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бояд тадбирҳои дақиқ андешем.
Дар машварат таъкид гардид, ки соли гузашта аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол ба 103 соҳибкор 63 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва дар ин самт марҳила ба марҳила баҳри рушди соҳибкорӣ, бахусус бахши саноат аз ҳисоби фонд маблағҳо ҷудо мешаванд. Ин нишондиҳанда дар соли 2015 дар ҳаҷми 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






