Кӯлоб: омодагӣ ба ҷашнҳо

Апрель 15, 2015 09:57

Кӯлоб,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб корхои омодагӣ бахшида ба ҷашнҳои 700-солагии алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70- солагии Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ бо маром идома доранд. Хусусан кормандони соҳаи коммуналӣ дар ин рӯзҳо серташвишанд.  Аҳли заҳмати корхонаи ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунии шаҳр баъди анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ ба кӯчат намудани гулҳои мавсимӣ шуруъ намуданд. 
Ба гуфти   Сафол Абдулаҳадов, корманди Муассисаи давлатии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб ҳоло дар қитъаҳои гулпарварӣ ва гармхонаҳои муассисаи мазкур беш аз 50 ҳазор гулҳои мавсимӣ парвариш меёбад ва онҳоро дар хиёбону гулгаштҳои шаҳр кӯчат хоханд кард. Корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳо дар мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ низ вусъати тоза пайдо намудаанд. Дар айни замон роҳраву гулгаштҳо пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои таъмирӣ дар биноҳои ёрирасон идома доранд.
 
 
 
 
 
 

Апрель 15, 2015 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад