Кӯлоб: омодагиҳо ба ҷашни Ғалаба

Апрель 18, 2015 10:28

Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи тадорукотии ҷашни 70-солагии Ғалаба баргузор гардид, ки дар он масъалаи  омодагиҳо барои истиқболи сазовори ин ҷашн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Бояд гуфт, ба хотири самимона пешвоз гирифтани ин сана дар шаҳри Кӯлоб нақшаи омодагиҳо таҳия шудааст, ки мутобиқи он то рӯзи истиқболи ид вохӯрии собиқадорони ҷанг дар идораву муассисаҳо баргузор шуда, аз ҳаёт ва фаъолияти онҳо тавассути ВАО барномаву мақолаҳо пахш ва нашр мешаванд. 
Инчунин ҳамаи нимпайкараҳои қаҳрамонон рангу бор шуда, муҷтамаи «Оташи ҷовид» таъмир мешавад. Дар ин радиф, таъсиси конфронсу вохӯриҳо, баргузории мусобиқоти мухталифи варзишӣ ва аёдати собиқадорон дар назар дошта шудааст. 
Дар айни ҳол дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 29 нафар собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунад, ки пайваста аз ғамхориҳои давлат ва ҳукумат бархурдор мебошанд.

Апрель 18, 2015 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад