Конфронси мушкилоти хатарҳои маводи нашъаовар дар Душанбе
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мебошанд, доир гардид. Дар ҷаласа роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Рустам Назарзода сухан гуфт.
Р. Назарзода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ барои татбиқ намудани созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии СҲШ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор андешида мешаванд.
Директори агентӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти агентиро дар барпо намудан ва вусъат додани ҳамкории байниидоравӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти махсуси кишварҳои аъзои СҲШ номид, ки дар чорчӯбаи фаъолияти муштарак онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.
Роҳбари агентӣ иттилоъ дод, ки 27 майи соли ҷорӣ дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд доир ба мушкилоти хатарҳои маводи нашъадор бо иштироки ҳамаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар минтақа мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Ӯ ҳампешагони худро аз кишварҳои СҲШ барои иштирок дар конфронси мазкур даъват намуд, ки ин конфронс қадами ҷиддӣ барои гузаронидани иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти маводи нашъадор дар соли 2016 хоҳад буд.
Иштирокчиёни ҷаласа дар Маскав масъалаи мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъадор аз қаламрави Афғонистонро муҳокима намуданд. Онҳо аз мушкилоти хатари байналмилалӣ аз маводи нашъадор, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон ва минтақаи “Секунҷаи тиллоӣ” изҳори нигаронӣ намуданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Рустам Назарзода пагоҳ, 23 апрел дар кори Конфронси дуюми зиддимухаддиротии вазоратии Маскав иштирок хоҳад намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






