Машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ

Апрель 15, 2015 09:50

Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  гарнизонҳои ҷумҳурӣ маҷмӯи машқҳои низомӣ, ҷамъомадҳои саҳроӣ ва дигар машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ ҷараён доранд. Ҳафтаи сипаригардида дар машқгоҳҳои ҳарбии гарнизони Душанбе машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ба таври амалӣ ва бо тирпаронии ҷангӣ аз навъҳои мухталифи техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаи сабуки ҷангӣ доир шуданд.
Ба он шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор доштаи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсии пойтахт, ноҳияи Варзоб ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ваҳдат ҷалб гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машғулиятҳо нуқтаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити техникӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил шуда, бо мақсади риояи дақиқи бехатарӣ зимни машғулиятҳо роҳбарии машқҳои тирпарронӣ ва назорат аз болои ҳайати шахсиро шахсони масъули комиссариатҳои ҳарбӣ бар уҳда доштанд.
Чунин машғулиятҳои амалии саҳроӣ оид ба омӯзиш ва истифодаи қувваву воситаҳои муосири техникаву аслиҳаи ҳарбӣ ва бо мақсади сайқал додани маҳорати ҷангӣ дар ҳудуди вилояти Суғд низ бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ будаи ин гарнизон ба роҳ монда шуд.
Афсарони масъуле, ки машғулиятҳои таълимиро дар ҳудуди ин минтақа роҳбарӣ менамуданд, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои омӯзишӣ мавзӯъҳои сафарбариро дар ҳузури ҷамъомадагон баррасӣ карданд.

Апрель 15, 2015 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад