Мавсими кишт оғоз шуд
Кўлоб,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Мусоид омадани боду ҳаво дар чанд рӯзи охир имкон дод, ки деҳқонон дар Кӯлоб ба кишту кори баҳорӣ шуруъ кунанд. Бо дуои пирони кор нахуст дар хоҷагии деҳконии «Мадином Ибронов»-и ҷамоати «Зарбодор» ва «Давлат Назар»-и ҷамоати Кӯлоб корҳои пахташинонӣ оғоз гардиданд. Ба гуфти сардори раёсати кишоварзии шаҳр Мунир Шарофиддинов: «Мутобиқи дурнамо дар хоҷагиҳои чор ҷамоати Кӯлоб дар майдони 3200 га пахта кишт хоҳад шуд. Иқлими Кӯлоб барои кишти навъҳои «Сорбон», «Ориёӣ» ва хитоӣ мусоид мебошад ва ҳамасола деҳқонон аз ин навъҳо ҳосили фаровон ба даст меоранд. Кишт дар ҷамоатҳои «Зиракӣ» ва «Даҳана», ки андаке иқлими сард доранд, дертар гузаронида хоҳад шуд».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






