Мексика: 900 килограм маъдан рабуда шуд

Апрель 9, 2015 13:04

   Душанбе,09.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи гузориши  котиби генералии штати Синалоаи Мексика Херардо Варгас аз ҷониби шахсони номуълум аз кони канданиҳои фоиданоки ширкати «Мак Ивен Майнинг» мансуб ба Канада дар ҳаҷми  900 килограмм маъдан рабуда шудааст, ки аз он 7 ҳазор унси тиллои холис гирифтан имконпазир буд. Миқдори маблағи он 8,5 миллион долларро ташкил медод. Ба гуфти масъулини ширкат ин ҳодиса дар нақби кони канданиҳои фоиданоки Мокоритои Канада рух додааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳукуматдорони Мексика ҷинояткоронро  дар ҳамдастӣ бо кормандони ширкати «Мак Ивен Майнинг» гумонбар меҳисобанд. 
 
     Душанбе,09.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби  гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Детройти штати Мичигани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ҳавопаймои мусофирбар мансуб ба ширкати «Делта Эйр Лайнс» ба терминали фурудгоҳ бархӯрд. Бар асари бархӯрд ба бино як қисми тайёра осеб дид. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса ягон нафар  мусофир зарар надидааст. 
 
     Душанбе,09.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳи гузашта дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Исломии Покистон миёни низомиёни Артиши миллии кишвар ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» даргирии шадид ба амал омад. Бар асари бархӯрди ҷонибҳо 6 нафар силоҳбадаст маҳв  шуд. Дар байни ҳалокгардидагон як нафар аз саркардагони ҳаракати «Толибон» низ ҳаст. Низомиёни кишвар аз макони бархӯрд ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира намуданд.
 
     Душанбе,09.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нимҷазираи Синайи Миср як таркиши шадид  дар яке аз биноҳои истиқоматии Шайх-Зувейд ба амал омада, дар ҷои ҳодиса 11 нафар аз аҳолии осоишта ва ду низомӣ ба ҳалокат расид. Ва  6 нафари дигар бо бардоштани ҷароҳати вазнин дар беморхона  бистарӣ гардид.Табибон вазъияти беморонро вазнин арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар он лаҳза мошини ҳомили низомиён дар канори роҳ ба таҷҳизоти тарканда бархӯрдааст.
 
 

Апрель 9, 2015 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст