Минбаъд дар «Шоҳмансур» асалу хушкмева намефурӯшанд
Душанбе, 28.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд дар бозори «Шоҳмансур», ки яке аз калонтарин бозорҳои Душанбе маҳсуб ёфта, дар байни мардум бо номи бозори «Сабз» маъмул аст, фурӯши асалу хушкмева, инчунин маҳсулоти саноатию маводи сохтмонӣ ва хоҷагӣ қатъ мешавад. Фаъолияти соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди маҳсулот нигаронида шуда буд, дар дигар бозорҳои махсуси пойтахт, назири Маҷмааи савдои «Пойтахт-90», «Шанхай», «Корвон» ба роҳ монда мешавад.
Сайфулло Амонов- сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки аллакай 90 нафар соҳибкорони бозори «Шоҳмансур», ки аз он 80 нафар ба фурӯши хушкмева ва 10 нафар ба савдои асал машғул аст, дар Маҷмааи навбунёди савдои «Пойтахт-90» ҷой дода шуда, онҳо аз 1 май дар ин маҷмааи савдо ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Инчунин масъули Раёсати иқтисод ва савдои пойтахт афзуд, ки молҳои саноатие, ки дар бозори «Шоҳмансур» ба фурӯш гузошта шудаанду сифаташон ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалист, минбаъд фурӯши онҳо дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ва молҳое, ки сифаташон чандон хуб нест, дар бозори «Корвон» ба савдо гузошта мешаванд. Инчунин фурӯши молҳои рӯзгор, маводҳои сохтмонӣ низ дар дигар бозорҳои таъйиноти махсусдоштаи пойтахт ба роҳ монда хоҳад шуд. Минбаъд дар бозори «Шоҳмансур» аз рӯи таъйинот маҳсулоти хӯрокӣ, кишоварзӣ ва агросаноатию ғизоӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Назар ба иттилои Бахтиёр Лақаев -директори бозори «Шоҳмансур» -и пойтахт, ин тадбир дар доираи қарори раиси шаҳри Душанбе М. Убайдулооев оид ба махсусгардонидани бозорҳои пойтахт сурат гирифта, он ҷиҳати аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини бехатарию танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари атрофи бозори «Шоҳмансур», хусусан кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Деҳлавӣ андешида шудааст.
Дар ин росто сардори Раёсати иқтисод ва савдои Душанбе С. Амонов гуфт, ки алҳол дар пойтахт 22 бозор фаъолият менамояд, ки аз он чортоаш давлатӣ ва 18 бозори дигар хусусист. Ва интизор меравад, ки дар оянда тамоми бозорҳои пойтахт аз рӯи таъйинот махсус гардонида хоҳанд шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






