Муҳокимаи масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия

Апрель 22, 2015 11:03

Душанбе,22.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- 20 апрел раиси Палатаи  савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва  ҳамраиси Шӯрои соҳибкорони  «Туркия — Тоҷикистон»  Маҳмуд Эр  масоили рушди ҳамкории ду -ҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ  бо василаи  кушодани  намоишгоҳу ярмаркаҳо  ва  ташкили  конгрессҳо  бо иштироки  тоҷирони Туркия  дар  намоишгоҳи  байналмилалии   «ИНТЕРЛЕГПРОМ- 2015» — ро  мавриди муҳокима  қарор  доданд. Намоишгоҳ    аз 18 то 21 июни  соли ҷорӣ  доир гардида,  ба  саноати  сабук  бахшида  мешавад.
«Намоишгоҳ бахши  муҳими ҳамкории  байналмилалӣ  маҳсуб ёфта,  имконияти  намоиш додани   дастовардҳои  беҳтарини  кишвар  ва  шиносоӣ  бо намунаҳои  беҳтарини  хориҷии  маҳсулот ва  хидматрасониро фароҳам меорад», — зикр намуд Шариф Саид.
Маҳмуд Эр  дар навбати  худ  саъйю  кушишҳои  соҳибкорони  Туркияро  барои  роҳандозии  ҳамкории  фаъолона  бо  тоҷирони Тоҷикистон  пазируфт.  Дар ҷараёни  мулоқот  зарурати    рушду  густаришдодани  бахши тиҷорати  ҳарду  кишвар зикр  гардид. Ҳамчунин зикр  шуд, ки  ҳарду  кишар  барои  густариши  ҳамкорӣ  имконоти  фаровон  доранд.
Ёдовар мешавем, ки  дар Тоҷикистон  Ассотиатсияи соҳибкорони  Тоҷикистону  Туркия  ва  бархе  корхонаҳои  муштарак фаъолият доранд.
Дар ин  бора  аз дафтари матбуоти ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 22, 2015 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд