Муҳокимаи масоили истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ

Апрель 10, 2015 10:11

Душанбе,10.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих). 9 апрел вазири  саноат ва технологияҳои нави ҶТ  Шавкат  Бобозода ва раиси Шӯрои кории назди комиссияи байнидавлатии СААД  Александр Ноздрачев  масоили  роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ  дар корхонаҳои  саноатии Тоҷикистонро  мавриди муҳокима қарор доданд.
Назар  ба  иттилои Вазорати саноат ва  технологияҳои  нави ҶТ,  ҷонибҳо  имконияти  ҳамкорӣ   дар амри истеҳсоли  маҳсулоти  мудофиавиро   баррасӣ  намуда,  аз ҷумла,  дар  бораи  ташкили  корхонаҳои  муштараки   истеҳсолкунандаи  нимтанаҳои  пахтагин  дар Корхонаи  воҳиди  давлатии «Нури Ховар»  сухан карда  шуд.
Ғайр  аз  ин, масъалаи  истехсоли  матои  либосворӣ  барои  муассисаҳои  мудофиавӣ  дар Ҷамъияти  масъулияташ махдуди «Хуҷанд  Инвест Коттон»  ва  роҳандозии  ҳамкории муштараки  байни  Ширкати пояфзолдӯзии «Фариде» —  Русия ва Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди «Пойафзоли чармӣ» -и Тоҷикистон  мавриди муҳокима  қарор гирифт.

Апрель 10, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст