Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда

Апрель 13, 2015 16:00

Корея, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд.Барои иштирок бо Сарвари давлат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омаданд.Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд.Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад.Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст.Зимни пурсишу посух ва андешарониҳо донишҷӯёни тоҷик аз имкони мулоқоти бевосита бо роҳбари давлати худ дар ин кишвари дуродур ва ҳам аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ва муҳайёшавии заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори шодию нишот карданд.Аз андешарониҳои чанд соҳибкори тоҷик, ки дар мулоқот ширкат доштанд, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 нафар соҳибкорон низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯй ба афзоиш дорад.

Апрель 13, 2015 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд