Мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО

Апрель 17, 2015 08:40

Душанбе, 17.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 апрели соли 2015 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО сафир Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид.Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин татбиқи як силсила лоҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Р. Солиев ба Мудири кулли Созмон И.Бокова оид ба ҷараёни омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод. Дар ин робита, хонум Ирина Бокова ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи ЮНЕСКО-ро дар кори конфронс тасдиқ намуд. Сафир Рустамҷон Солиев бо намоиши аксҳои ҷолиб ба мудири кулл Ирина Бокова дар бораи маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии Кохи Наврӯз дар шаҳри Душанбе нақл кард. Арзишу зебогии фарҳангию меъмории ин иншоот махсус таъкид гардид.Дар чаҳорчӯби мулоқот ба Мудири кулли ЮНЕСКО доир ба номгӯйҳои Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон, Фарҳанги оши палов ва Фалак, ки ба баррасии созмон ҷиҳати шомил кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд, маълумоти муфассал манзур гардид. Ҳамчунин сафири Тоҷикистон Р.Солиев бо намояндаи воломақоми ЮНЕСКО масоили дастгирии номгӯйҳои 100-солагии Ғаффор Валаматзода ва 1150-солагии Закариёи Розӣ-ро бо мақсади воридсозӣ ба феҳристи ҷашнвораҳое, ки аз ҷониби созмон дар солҳои 2016-2017 таҷлил мегарданд, муҳокима намуд.

Апрель 17, 2015 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад