Мулоқоти Шариф Саид бо Тариқ Иқбол Соомро

Апрель 9, 2015 14:42

Душанбе, 09.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Кристина Эрлих ).- 8 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомроро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, мусоҳибон дурнамои ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба рушди он ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Шариф Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ  бо Покистони дӯст некбин аст. Аҳду паймоне, ки дар ҷараёни мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Покистон ба даст омад,  имзои созишнома дар бораи ҳамкории байни ПСС Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои тиҷоратию саноатии Покистон , ҳамчунин палатаҳои савдо ва саноати шаҳрҳои  Лоҳур ва Карочи асоси ҳуқуқии ҳамкорӣ маҳсуб меёбанд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки масъалаи дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи маҳсулоти Покистон баррасӣ шавад.

Апрель 9, 2015 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад