Мусобиқаҳои варзишӣ байни низомиён

Апрель 15, 2015 09:50

Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи чорабиниҳоии варзишӣ бахшида ба оғози мусобиқаҳои варзишии соли 2015 дар варзишгоҳи Кумитаи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа мусобиқа аз намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Ба ин мусобиқаи варзишӣ дар гарнизони Душанбе  дастаҳои варзишии қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди пойтахт ва қисмҳои ҳабии гарнизони Хатлон ҷалб гардиданд. Зимни баргузории мусобиқа сарбозони дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбии иштирокчӣ, аз вазнҳои 65 то 90 байни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорату малакаи хуб нишон доданд, ки бино ба гуфтаи масъулин чанде аз сарбозон омодаанд дар дигар мусобқаҳои гӯштини миллии сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд.
Ҳамин гуна чорабинии варзишӣ таҳти шиори «Ҳомии Ватан» дар ҳудуди вилояти Суғд низ ба роҳ монда шуд, ки назорат ва доварии онро намояндагони Кумитаи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар ин гарнизон бар уҳда доштанд.
Дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии мазкур, ки байни дастаҳои варзишии сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд баргузор гардиданд, иштирокчиён аз 9 навъи варзиш, аз ҷумла футболи хурд, вазнбардорӣ ва бандкашӣ ширкат варзида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамзамон дар байни дастаҳои варзишии қисму воҳидҳои ҳарбии десантии ин гарнизон мусобиқа аз намуди ҷанги тан ба тан баргузор гардид, ки дастаҳои иштирокчӣ маҳорати баланди ҷангӣ нишон доданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҶТ иитилоъ доданд. 
 
 

Апрель 15, 2015 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад