Мусодираи 14 кг маводи мухаддир

Апрель 15, 2015 09:01

Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Бадахшон ва Раёсати КДАМ  дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Тегмайи ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар як нафар сокини 20-солаи вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид. 
Ҳангоми кофтуков аз ӯ  маводи афюн бо вазни зиёда аз 6 килограмм ва бангдонаи каннабис бо вазни тахминан 6 килограмм дарёф шуд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда зиёда аз 12 килограммро ташкил дод.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Инчунин аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ панҷ нафар сокинони вилоят дастгир гардиданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо тақрибан 2 кг афюн мусодира гардид.
 
 

Апрель 15, 2015 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст