Мутрибони Осиёи Марказӣ дар барномаи таҳсилотӣ иштирок менамоянд

Апрель 22, 2015 11:04

Душанбе,22.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Академияи  мусиқии муосири  Осиёи Марказӣ  мутрибони  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро  даъват менамояд, ки дар  барномаи  нодири  таҳсилотӣ  иштирок кунанд. Мақсад аз  ин чорабинӣ, ки  моҳи июл дар пойтахти  Қирғизистон  шаҳри  Бишкек  баргузор  мешавад,  рушди  мусиқии  муосир дар Осиёи Марказӣ  аст.
Барои  иштирок  дар  ин  барнома 20 нафар мутрибони ҷавон  интихоб   карда  мешаванд.
Барномаи мазкур, ки  бо ибтикори коршиносони  номии ҷаҳони мусиқии  Осиёи  Марказӣ, ИМА ва Ҳиндустон  рӯи кор  оварда  мешавад, як  қатор  чорабиниҳоро  аз  қабили  сафари  ҳунарии  мутрибони  ҷавон  ба  шаҳрҳои Осиёи  Марказӣ  моҳи  ноябри  соли  2015  ва  намоиши  барномаҳои  консертии  мутрибони Осиёи Марказӣ  дар Иёлоти Мутахидаи Амрикоро  дар  бар мегирад.
Барномаи  мазкур  бо  дастгирии   маркази  умури  Осиёи  Ҷанубӣ  ва  Марказии Раёсати  давлатии ИМА  зимни  ҳамкорӣ  бо созмонҳои  фарҳангии  Осиёи Марказӣ  роҳандозӣ мешавад.

Апрель 22, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд