Намоишгоҳи «Тоҷикистон, Баҳор- 2015» оғоз шуд

Апрель 9, 2015 16:17

Душанбе, 09.04.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-   Имрӯз  дар шаҳри  Душанбе  бо дастгирии  ҶДММ  «Тоҷ Экспо»  ва ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор- 2015» баргузор гардид. Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти ватанӣ ва ғайриватании ширкатҳои истеҳсолӣ, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокӣ, обкашҳо барои об, маҳсулоти ороишӣ, яхдонҳо барои мағозаҳо, маҳсулоти сохтмон ва ороишӣ, энергетика ва саноати истихроҷи кӯҳӣ ба намоиш гузошта шуданд. 
      «Мо хоҳони ворид намудани технология ва  таҷҳизоти пешрафтаи ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ин роҳ баромадан ба бозори пешқадами ҷаҳонӣ мебошем»,-иброз дошт  Манзура Рустамова-муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон имрӯз, 9 апрел зимни ифтитоҳи намоишгоҳ. Ба гуфтаи масъулин ҳадафи асосии намоишгоҳ — ин муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва ғайриватании молу колои  истеҳсолкунандагон, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамзамон ба мувофиқа  расонидани ҳамкориҳои  судманд дар бахши тиҷорату иқтисод  мебошад. 
       Дар чорабинии мазкур бештар аз 20 ширкат иштирок намуд, ки онҳо ширкатҳои тоҷикистонӣ, олмонӣ, туркӣ, эронӣ, фаронсавӣ ва афғонӣ мебошанд. Ширкатҳои «Авитсенна», «Тоҷик Климат»,«Сино сервис», «Умный дом», «Поянда бетон», «Астеd», « Аrsecol» аз қабили  он ширкатҳое мебошанд, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор-2015» маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. 
Ёдовар мешавем, ки  намоишгоҳи мазкур  аз 9 то 12 апрел дар  МД «Кохи Борбад» аз соатҳои 10-00 то 18-00 идома меёбад.
 

Апрель 9, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид