Назари чанд коршинос оид ба қатли Фархунда Маликзода

Апрель 14, 2015 11:37

Душанбе,14.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-19 марти соли равон дар пойтахти Афғонистон- шаҳри Кобул Фархунда Маликзодаи 27- сола бо тӯҳмати сӯзонидани Қуръон аз ҷониби як гурӯҳ одамон ба таври ваҳшиёна кушта шуд, ки ин боиси нигаронии кишварҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гашт. Оид ба чунин амали даҳшатбор нафарони зиёде ибрози назар намуда, куштори Фархундаро нишонаи поймол гаштани ҳуқуқи зан дар Афғонистон ва баланд будани сатҳи хурофотпарастӣ дар ин кишвар ном бурданд. «Ман, ки Фархундаи қолабшиканам, Як сабад настаранам, ёсуманам, Атри борон гули марям ба Худо, Ман, ки меъмори ҳадафҳои занам». Мисраъҳои мазкур порчае аз шеъри Адибаи Азиз-шоираи тоҷик мебошанд, ки шоира бевосита онҳоро ба марги Фархунда бахшидааст. Адибаи Азиз марги бераҳмонаи Фархундаро аз ноадолатии ҷоҳилони қотил нисбат ба як зан ном бурда, Фархундаро меъмори озодихоҳии зан номид. Шуҷоати занони афғон дар марги Фархунда, ки нагузоштанд, тобути марҳумро мардон бардоранд, нишонаи ҷасорат ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мебошад, афзуд Адибаи Азиз: «Ба занони бедордил ва шуҷоъу сарбаланди афғон аҳсан, ки ба ҷангу ба ноамнии кишвари худ нигоҳ накарда, мавқеи занро дар кишваре, ки зери тохтутози Толибон ва найрангбозии ифротгароён ҳаст, боло гузошта тавонистанд»,- мегӯяд Азизаи Адиб. Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки қатли Фархунда реша ба хурофотпарастӣ дошта, маҳз нодонӣ ва ноогоҳии қотилони Фархунда аз дини мубини ислом боис гашт, ки ӯ ба хашми нангини ин қишри бераҳми ҷомеа гирифтор шавад. «Фархунда аз ҷумлаи занҳои муборизе буд, ки бар зидди тавъиз, яъне тӯмору таштобнависии муллоҳо эътироз кард, вале ваҳшиёна кушта шуд,-иброз дошт Ҳафиз Бобоёров -директори Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ. Ба назари мавсуф ашхосе, ки Фархундаро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд, на фақат хурофотпараст буданд, балки бемории рӯҳӣ дошта, ниёз ба табобат доранд. Аммо Акбар Ниёзов-коршиноси масоили динӣ чунин мешуморад, ки қатли Фархунда наметавонад реша ба дин дошта бошад, зеро ба гуфтаи ӯ замоне ки терроризм пайдо шуд, дин ҳанӯз вуҷуд надошт. Акбар Ниёзов гуфт, сабаби аслии даст задани қотилон ба куштори Фархунда, пеш аз ҳама аз надоштани маълумоти дақиқ оид ба дини мубини ислом мебошад: «Мо бояд аввал маълумоти хуб дар бораи дин дошта бошем, маълумот дар бораи ислом ва дар бораи он, ки ислом ҳуқуқи занро чӣ гуна боло бардоштааст, дар ин маврид бояд маълумоти ҳамаҷониби дошта бошем», мегӯяд Акбар Ниёзов. Номбурда гуфт, надоштани маълумоти дақиқ оид ба дини мубини ислом имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимест, ки майдони хушунатро зиёд намуда, мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Вале нафарони дигаре, ки роҷеъ ба қатли Фархунда ибрози назар намуданд, бар инанд, ки дар ҳодисаи мазкур адолат ҷо надошта, бетарафии иштирокчиён нисбат ба як духтари мӯҳтоҷ ба ёрӣ эҳсос мешуд. Воҳиди Ризоӣ, аспиранти ҶИЭ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи нафаронест, ки ин ақидаро дастгирӣ мекунад: «Ман бештар ҳасрат мехӯрам аз мардоне, ки он ҷо нигоҳ мекарданд ва аз он бадтар филмбардорӣ мекарданд, сурат мегирифтанд ва беэътино ин маросимро тамошо мекарданд»,-мегӯяд номбурда. Дар ҳамин ҳол Файзуллоҳи Ҷалол, магистри ДМТ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз Донишгоҳи Кобули Афғонистон афзуд, ки дар Афғонистон чунин ҳолатҳои қатли бераҳмона бори нахуст набуда, балки чандин сол аст, ки идома доранд. Номбурда гуфт чунин ҳодиса бояд дигар кишварҳоро ҳушдор диҳад, ки мавқеи занонро дар ҷомеа мебояд баланд бардошт: «Марги Фархунда на танҳо занони Афғонистонро такон дод, балки занони сарори ҷаҳонро такон дод ва занон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки мо нисфи нуфузи кишвар ҳастем, бояд ҳаққу ҳуқуқамон дода шавад. » Қатли бераҳмонаи Фархундаро Абдуллоҳи Раҳнамо-сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаҳое ном бурд, ки тавонист барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон паёмад ва сабақҳои зиёде оварад, то ҷиҳати роҳ надодан ба чунин амали зишт дар кишварамон чораҳои мушаххас бинанд: «Аввалин нуктаи муҳим барои мо он аст, ки низоми маорифамонро бояд ҳифз кунем, зеро ҳамон қадаре, ки дараҷаи ҷаҳолат поёнтар шавад, бесаводӣ дар ҷомеа зиёд шавад эҳтимоли рух додани ҳамин хел ҳодисаҳо зиёд мешавад.» Ба андешаи Абдуллои Раҳнамо ҳамчунин дар Афғонистон давлат ҳамчун як низоме, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум ба он чун як ниҳоди ҳалкунандаи масъалаҳои худ муроҷиат кунад, шакл нагирифтааст, вале дар Тоҷикистон, хушбахтона, давлат ҳамчун механизми фарогир, ки ҳар шаҳрванд метавонад бо муроҷиат мушкили худро ҳал кунад, вуҷуд дорад. «Масалан агар дар як ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебуд, мешуд ба суд муроҷиат кунанд, ки ҳамин Фархунда чунин амалро кард, вале як тӯдаи инсонҳо худашон ба ҷойи суд ё давлат наметавонад, ки қарор қабул кунад, на дар низоми исломӣ, на дар низоми дунявӣ »,- афзуд Абдуллои Раҳнамо. Аз ин рӯ номбурда гуфт, сабақи муҳим барои халқи тоҷик аз фоҷиаи Фархунда ин аст, ки давлатро ҳамчун як механизми муроҷиат мо бояд ҳифз кунем ва давлатдории худро қавитар кунем. Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ оид ба омезиши дин ва терроризм чунин гуфт: «Мо кўшишњои бо ислом алоќаманд кардани терроризмро ќатъан ќабул надорем. Терроризм чун тамоми падидањои ба ин монанди харобиовар ба табиати инсон ва ѓояњои дин бегона аст. Он на миллат дораду на мазњаб”. Муҷибулло Маликзода, бародари Фархунда Маликзода иброз доштааст, ки як орзуи Фархунда ин буд, ки инсон бояд ба мақоми инсонии худ бирасад ва бо зулм алайҳи инсон мубориза барад. Дуввум — ӯ чун муаллим буд ва ишқ ба тадрис дошт, мехост донишу мафкураи худро ба хоҳару бародаронаш интиқол бидиҳад. Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои дохилии Афғонистон генерал Нур-ул-Ҳақ Улумӣ дар ҳузури хабарнигорон қатли бераҳмонаи Фархундаро маҳкум намуда, қавл додааст, то охирин муҷрими қатли Фархундаро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид ва вобаста ба ин қазия зиёда аз 30 нафар боздошт шудааст.

Апрель 14, 2015 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад