Оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ
Душанбе, 20.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо иштироки узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ҷараён гирифт.
Ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом аз ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, 5 макатби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 7700 хонанда дар 2 баст аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА, ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамчунин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ва роҳбари ширкати чинии ТВЕА Чжан Син суханронӣ намуда, аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Чин ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим изҳори хушҳолӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






