Оғози сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа

Апрель 17, 2015 18:39

Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Зимни шиносонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи Тоҷик пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.
Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар 3 ошёнаи зеризаминии бино барои қариб 400 мошин истгоҳ пешбинӣ шудааст.
Ин маҷмааи зебою муҳташам дар давоми 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти он, ки ин маҷмаа дар паҳлӯи майдони марказии пойтахт ҷойгир аст, барои боз ҳам зебою дилоро ва ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани он ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони биноҳои мазкур аз нав такмил дода шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 17, 2015 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст