Озмуни «Муаллими сол» ҷамъбаст гардид

Апрель 28, 2015 15:59

 Роғун, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Чанде қабл дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 шаҳраки Роғун  озмуни «Муаллими сол» бо иштироки муаллимони фанҳои гуногуни муассисаҳои таълимии шаҳраки Роғун баргузор гардид. Дар озмун 14 нафар омўзгор ширкат варзида, дар ҳузури ҳакамон бо усулҳои нави дарсӣ ба хонандагон дарс гуфтанд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки Муносиб Камолов, муаллими мактаби №28 ба унвони «Муаллими сол-2015» сарфароз гардид. Ғолибон ва иштироккунандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои шуъбаи маориф сарфароз  гардиданд. М. Камолов  ба даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол — 2015» ба шаҳри Душанбе роҳхат  гирифт.
 
 
 

Апрель 28, 2015 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад