Пешрафти ҷомеа аз оилаи солим аст

Апрель 20, 2015 10:12

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Эълон шудани соли 2015 ҳамчун соли оила аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми нек буда, мардуми кишвар онро бо хушнудӣ қабул намуданд. Ҳафтаи гузашта дар  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили соли оила ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила, танзими муносибатҳои оилавӣ бо иштироки мутахассиси пешбари бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева ва кормандони масъули дастгоҳи марказии агентӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи кумита Мадина Бобоева оид ба паҳлуҳои гуногуни масоили занон, пойдории оилаҳо, тарбияи дурусти фарзандон, дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ифротгароии ҷавонон, авҷ гирифтани тақлиду бегонапарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, сиёсати пешгирифтаи одилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.
Ҳамчунин бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева бо кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе вохӯрӣ  доир шуд, ки дар он сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании шаҳри Душанбе полковник М.Кенҷаев дар бораи фаъолияти пурмашаққати кормандони ситод, ки ҷони худро дар хатар гузошта, ба наҷотдиҳии зарардидагони офатҳои табиӣ машғул мешаванд, сухан гуфт. Сипас намояндаи Кумита оид ба зарурати эълон гардидани Соли 2015- соли оила, нақши оилаи солим дар пешрафти ҷомеа, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, тарбияи дурусти фарзанд, авҷ гирифтани тақлиду бегонапарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ сухан гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд. 
 

Апрель 20, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст