Пирӯзии варзишгарони Русия дар Душанбе

Апрель 20, 2015 14:33

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки 18- уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Русия хотима ёфт. 
Ба иттилои  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин  ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуд. 
Дар ниммарафон, ки аз рӯи масири дав — Наврӯзгоҳи Душанбе то майдони «Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) — сурат гирифт, ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ (мардону занони синнашон аз 18 боло) аз шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Самара ва Челябински Русия, Барселонаи Испания, Тошканди Ӯзбекистон, Шерози Эрон, инчунин давандаҳо аз Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд”. 
Дар ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт -Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуданд. 
Андрей Петров ва Марина  Химелевская  (ҳарду аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон) ҷойҳои дуюм, Самуэл Вайтака (Кения) ва Жаннатбек Гулжанат (шаҳри Алматии Қазоқистон) ҷойҳои сеюм, Степан Киселёв (шаҳри Қазони Русия) ва Катя Фатеева (шаҳри Челябински Русия) ҷойҳои чорум, Энтони Муго (Кения) ва Ираида Александрова (шаҳри Қазони Русия) ҷойҳои панҷум, Иля Пяткин (шаҳри Бишкеки Қирғизистон) ва Зайнаб Мансурӣ (шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон) ҷойҳои шашумро соҳиб шуданд. 
Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга рӯзи 18- уми апрел дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд. Варзишгарони тоҷик, ки натиҷаҳои хуб нишон дода натавонистанд, аз ҷоизапулӣ бенасиб монданд. 
Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш — мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук  бо ҷоизаи «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» ба маблағи 3500 сомонӣ; толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе бо ҷоизаи «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 2500 сомонӣ; мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2- и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ва камонварӣ Ҷаҳонзеб Қармишев бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз шуданд.  
Инчунин 38 нафар ғолиби озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал — 1000 сомонӣ, ҷои дуюм —  900 сомонӣ, ҷои сеюм 800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2  аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал — 700  сомонӣ, ҷои дуюм  — 600 сомонӣ ва ҷои сеюм  — 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ шуданд.

Апрель 20, 2015 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад