«Роҳ ба сӯи эҷод»-роҳнамо барои эҷодкорон

Апрель 1, 2015 14:12

Душанбе, 01.04.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- «Эҷод- ин омўхтан, офаридан, таҷриба  кардан, қоидаҳоро вайрон кардан, ба хатогӣ  роҳ  додан  ва оқибат аз  ҳамаи он қаноатмандӣ ёфтан аст»,-омадааст дар пешгуфтори китоби «Роҳ  ба сўи  эҷод», ки ба қалами Бахтиёри Қутбиддин-дотсенти факултети журналистикаи ДМТ тааллуқ дорад. «Роҳ ба сўи эҷод»-китоби навбатии тозанашри муаллиф буда, дар он роҷеъ ба усулҳои эҷод  кардан ва роҳҳои муваффақ шудан дар ин самт маълумот дода шудааст. 
Китоби мазкур хусусияти таълимӣ  дошта, дар он баъзе масъалаҳои ворид шудан ба фаъолияти эҷодӣ, хусусият ва мушкилоти ҷараёни он, роҳу усул ва қобилияту ҳунари навиштан аз равзанаҳои гуногун матраҳ гардидааст. «Чӣ кор кунам, ки навишта тавонам?», «Нахустқадамҳо дар навиштан», «Иштибоҳу ихтисор фоҷиа нест», «Хатарҳо дар навиштан», «Тақлиди бесамар» аз ҷумлаи мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар  китоби «Роҳ ба сӯи эҷод» дарҷ шудаанд. Китоби мазкур ҳамчун дастури ёрирасони омўзишӣ барои донишҷўёни факултети журналистика ва завқмандони ҷавони соҳа пешниҳод гардидааст. 

Апрель 1, 2015 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст