Робитаи Кумитаи ҷавонон бо ҷомеа мустаҳкам мегардад

Апрель 2, 2015 09:38

Душанбе, 02.04.2015.-(АМИТ  «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-  Аз 31 марти соли равон фармоиши нави раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода Оид ба фаъолияти кумита дар соҳаи танзими робита бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таблиғи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тавсиб расид, ки минбаъд робитаи Кумита бо ҷомеаро боз ҳам мустаҳкам менамояд. 
Ин иқдом бо мақсади танзими робитаи хизматии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа, инчунин ба таври васеъ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ тавсеа бахшидани таблиғоти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рӯи даст гирифта шудааст . 
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани инъикос ва таблиғи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сомонаи интернетии он аз нав барномасозӣ мешавад. Бахши таҳлилу иттилоот доир ба чорабиниҳои баргузорнамудаи Кумита дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд, хабарҳои фишурда омода ва дар сомонаи он ҷойгир месозад. Ин фармоиш ба Бахши таҳлилу иттилооти Кумита имконият медиҳад, ки барои наворгирӣ, аксбардорӣ ва омода кардани хабарҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ва бо истифода аз технологияи муосир иштироки ихтиёриён (волонтёрон)-ро ҷалб намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www.youth.tj ҷойгир буда, бештар доир ба ҳаёти ҷавонон хабарҳо пахш месозад. 
Дар ин бора Наврўз Қурбонзода, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод. 

Апрель 2, 2015 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад