С.Лавров аз рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Шӯрои роҳбарони ВКХ дар ҷараёни ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ якчанд масоили муҳимро мавриди муҳокима қарор дод. Аз ҷумла аҳд шуд, ки дар ҳошияи кори умумии мо дар амри омодагӣ ба таҷлили 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ силсилаи чорабиниҳо роҳандозӣ шаванд. Ҳамчунин изҳороти муштарак маъқул ёфта шуд, ки дар СММ, САҲА ва дар сатҳи дигари байналмилалӣ интишор мегардад», — гуфт баъди мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ барои журналистон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров.
«Мо дар Маскав ва пойтахтҳои дигари кишварҳои узви СААД перомуни ҷиҳатҳои мушаххаси ин чорабинӣ аҳд кардем. Принсипан муҳим аст, ки намояндагони СААД — Раиси амалкунандаи СААД, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич ва роҳбари Маркази СММ оид ба дипломатияи фарогири кишварҳои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, ки дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии СААД ширкат доштанд, ин нақшаҳоро дастгирӣ намоянд. Роҳбари ВКХ ФР дар идомаи мавзӯи мазкур илова намуд, ки СММ ва САҲА тасмим гирифтаанд, ки санаи Ғалабаи Бузург ба таври арзанда таҷлил шавад. «Мо дар мавриди чӣ тавр созмон додани инро бо мушориконамон мувофиқа кардем», — гуфт С. Лавров.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни ҷаласа Нақшаи машваратҳои кишварҳои узви СААД аз рӯи масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти мудофиавӣ маъқул ёфта шуд. Ин ҳуҷҷати фарогирест, ки беш аз 20 чорабиниро пешбинӣ менамояд. «Дар ҳошияи барномаи якчанд сол пеш оғозёфтаи танзими фаъолияти сиёсии хориҷӣ бо василаи пешниҳоди мавқеъҳои муштарак дар форумҳои байналмилалӣ феҳрасти изҳоротҳои муштарак маъқул ёфта шуд, ки онҳоро сафирон ва намояндагони мо дар созмонҳои байналмилалӣ соли ҷорӣ дар СММ ва САҲА, Шӯрои Аврупо ва сохторҳои дигар тарҳрезӣ менамоянд. Ҷамъ 10 мавзӯъ мутобиқ шудааст, ки асоси изҳоротҳои муштаракро ташкил медиҳанд», — афзуд роҳбари ВКХ.
С. Лавров дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. «Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки моҳи гузашта баргузор гардид, бисёр масоиле мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ҳалли онҳо бояд ҳамкории моро густариш диҳад ва мо изҳор доштем, ки аҳду паймони қаблиамон ҳар чӣ зудтару самарабахштар ҷомаи амал пӯшад», — тавзеҳ дод вазири корҳои хориҷии Русия.
Ғайр аз ин аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки масъалаҳои ошкорнамоӣ ва таъмини вазъияти беҳтарини муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чӣ тавр ҳал карда мешаванд. Алҳол чор созишномаи изофӣ таҳия шудааст, ки имкон медиҳанд, ҳамаи масоиле, ки дар ин бахш ҳанӯз арзи вуҷуд доранд, пурра ҳал шаванд. «Вазифаи мо иборат аз он аст, ки ин одамонро аз ҷаҳолат барорем, онҳоро мардуми комилҳуқуқу ҳифзшуда созем, то онҳоро касе истисмор карда натавонад» — гуфт С.Лавров.
«Мо ҳамчунин масоили ҳамкории ҳарбию техникӣ, ба Тоҷикистон ҳамчун иттифоқчии СААД ёрии ҳарбию техникӣ расонидани Русияро, пеш аз ҳама, бо дарназардошти он ситезаҷӯиҳое, ки аз самти ҷанубӣ афзоиш меёбанд, муҳокима намудем. Мо ҷонибдории худро аз иҷрои уҳдадориҳоямон дар назди Тоҷикистон дар амри таҳкими қобилияти мудофиавии он, ҳам аз роҳи дуҷониба ва ҳам дар ҳошияи қарорҳое, ки дар СААД қабул шуда буданд, тасдиқ намудем.
Имрӯз барномаи ҳамкории сиёсии хориҷии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон имзо шуд. Ин ҳуҷҷати анъанавиест, ки танзими фаъолиятамонро дар меҳвари созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳоямон дар хориҷа таъмин месозад», — гуфт дар хотима вазири корҳои хориҷии Русия.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






