Шаҳрдорӣ ба Рӯзи пойтахт омодагӣ дорад

Апрель 13, 2015 10:11

            Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамасола дар Душанбе шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад, ки соли равон он ба 18 апрел рост меояд. Дар иртибот ба ин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонда, нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуд. 
            Дар асоси ин қарор муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳр муваззаф гардиданд, ки нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишударо амалӣ намоянд.
        Тибқи нақшаи тарҳрезишуда 18 апрел аз соати 8:00 то 11:00 дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуда,  ҳамзамон дар ин рӯз  дар Душанбе як силсила иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд. Дар ин рӯз дар Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав», сайругашти оммавии шаҳрвандон, маҳфилҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил хоҳад шуд. 
          Инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пойтахт 18 апрел ниммарафони VI байналмилалии Душанбе гузаронида мешавад, ки он аз соати 9:00 оғоз меёбад. 
         Ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ таҳти унвони  «Душанбе — маркази маънавиёт» намоиши китоб ва конфронси илмӣ-адабӣ ташкил шуда, дар як вақт Фестивали мактабҳои мусиқии бачагонаи пойтахт зери унвони «Душанбе-шаҳри ҷавонӣ»  гузаронида мешавад.
        Ҳамзамон баъд аз зӯҳри 18 апрел дар бинои «Душанбе-Плаза»     ниммарафони VI байналмилалии Душанбе ва озмунҳои касбии анъанавии шаҳрдорӣҷамъбаст гардида, ба ғолибон туҳфаҳои  шаҳрдорӣ эҳдо мешаванд.
       Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Боғи Наврӯзгоҳ (аз соати 17:00) ва Боғи пойтахт (аз соати 18:00) ба чорабиниҳои фарҳангии шаҳрдорӣ ба Рӯзи пойтахт ҳусни  анҷом мебахшанд. 
 

Апрель 13, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!