Суғд: Бунёди ду обанбор аз ҷониби ширкати чинӣ

Апрель 22, 2015 09:04

Хуҷанд, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ширкати чинии “СR20G” нақша дорад дар ду ноҳияи вилояти Суғд обанбор бунёд намояд. Ин нуқтаи назар ва паҳлӯҳои дигари масоили ҳамкории дуҷониба дирӯз зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менеҷери генералии ширкати СR20G — и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Тавре ки аз маркази хадамоти иттилоотии раиси вилоят хабар доданд, зимни суҳбат Абдураҳмон Қодирӣ роҷеъ ба иқдоми пешгирифтаи намояндагии ширкати чинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  баён дошт, ки сохтмони обанборҳо дар ду ноҳия- Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ  имкон медиҳад, то  заминҳои зиёди ин минтақаҳо обёрӣ гарданд ва ҳамчунин баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур ва ҳамкории самаранок, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро изҳор намуд.             Ба иттилои манбаъ, ширкати чинӣ — “СR20G”  дар шаҳри Сиани Чин қарор дошта, он яке аз бузургтарин ширкатҳо дар самти лоиҳакашӣ, сохтмони роҳи оҳан, метро, шоҳроҳҳо, фурудгоҳ, пулу нақб, обанборхо  ба хисоб рафта,  алъон аз чониби мутахассисони ин ширкат лоиҳаи бунёди обанборҳо дар минтақаи Исфанасойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Далаёни ноҳияи Ғончӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, корҳои омӯзишӣ дар ин мавзеъхо идома доранд.                   Бояд гуфт, ки тӯли чанд соли охир дар минтақаҳои мазкур норасоии оби полезӣ дар мавсими кишту кор эҳсос гардида, сохтмони обанбори мазкур дар масъалаи танқисии оби полезӣ  ва фаровонҳосилӣ кишти зироатҳо дар ин минтақа,  бешубха,  дастгирии чолиб хоҳад буд. 

Апрель 22, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад