Суғд: Хариди таҷҳизоти нави тиббӣ
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Беморхонаи шаҳрии № 1 соҳиби таҷҳизоти наву муосир гашт.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, маблағи умумии таҷҳизоти воридгардида 300 ҳазор сомонӣ буда, он аз 17 намуди воситаҳои техникии тиббӣ иборат аст.
Гуфта мешавад, ки се таҷҳизоти воридгардида- видеостати эндоскопӣ, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, кардиомонитор барои назорати фаъолияти дил ва инфузомат барои таъмин ва назорати гузаронидани дору ба таври мунтазам ба бемор бори аввал харид гашта, барои сифатан беҳтар гаштани муолиҷаи беморон муҳим арзёбӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






