Суҳбат бо ҷавонон дар атрофи пойдории оила

Апрель 10, 2015 09:05

Душанбе, 10.04. 2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 8 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ  Иброҳим Мирзоев ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева бо донишҷӯён ва устодон доир гардид.  
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов иброз намуд, ки вохӯрии мазкур дар партави Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 гузаронида мешавад.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Иброҳим Мирзоев дар мавриди мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ибрози ақида намуда, афзуд, ки нақш ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон аз он мушоҳида мешавад, ки имсол барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бахши иқтисодиёт 11 кор пешниҳод шудааст. 
Мушкилии ҳалталабе, ки имрӯз фазои солимии ҷомеаро коҳиш медиҳад, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон буда, шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад,- гуфт намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ  Сабоҳат Маҳмадалиева. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд ва хеле нигаронкунанда аст. Мақсади эълон шудани соли 2015 ҳамчун Соли оила ин устувории оилаҳо, эъмори ҷомеаи солим, арҷгузорӣ ба зан-модар ва тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳоеанд, ки диққати доимии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилот ва кулли аъзои ҷомеаи моро барои иҷрои он ҷалб месозанд, гуфт мавсуф. 
 
 

Апрель 10, 2015 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд