Ташхиси гендерӣ оид ба сиёсати кадрии давлат дар ҷумҳурӣ

Апрель 22, 2015 09:58

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»  барои соли равон гузаронидани ташхиси гендериро оид ба сиёсати кадрии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва интихоб намудани занону духтарони лаёқатманд барои таълиму тарбияи минбаъда, дар нимаи дуюми моҳи апрел ба нақша гирифт. Аз ин рӯ, кормандони кумита ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ташхиси гендерӣ оид ба сиёсати кадрӣ аз 14 то 18 апрел  ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари хизматӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита иттилоъ доданд, зимни ташхис бахусус ба болоравии мансабии занон тайи солҳои амалигардии барномаи мазкур тадбирҳои андешидашуда бо мақсади ҷавонгардонии саривақтии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дараҷаи фарогирии занон ба омӯзишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва роҳбарӣ диққати зарурӣ дода шуд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур бо занону духтарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бораи нақши боризи занон дар ҷомеа, эълон гардидани Соли 2015 чун соли оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.
 

Апрель 22, 2015 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид