Ташрифи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба Суғд

Апрель 13, 2015 10:13

Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи  ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои тавассути Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва баҳрабарандагон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.
  Дар  шаҳри Хуҷанд Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи масоили рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва таъсири таназзули иқтисодӣ дар Русия ба аҳолии вилоят бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вохӯрд. Хонум Виверс-Картер дар робита ба идома додани дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои корӣ, аз ҷумла равона намудани диққат ба беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ барои аҳолӣ уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро бори дигар тасдиқ намуд.
  Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи бартариятҳои ислоҳот дар самти маблағгузории сарикасӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ гардид ва он ба мактабҳо имкон медиҳад дар тақсимоти буҷети худ салоҳияти бештар дошта бошанд ва ислоҳоти мазкур боиси тақсимоти баробар ва шаффофи маблағҳо байни минтақаҳо мегардад, аз мактаби маҳаллӣ дидан намуд. Маблағгузории сарикасӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ соли 2010 дар саросари ҷумҳурӣ пиёда гардид. Дар доираи силсилаи грантҳои «Ташаббуси рушди босуръат» ва Лоиҳаи замонависозии низоми маориф, ки тавассути он зиёда аз 110 мактаб дар саросари ҷумҳурӣ таъмир ва ҷиҳозонида шуд, мактаби Шаҳристон барқарор гардида, бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин  шуд.
 
 

Апрель 13, 2015 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
5 декабр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии вилояти Суғд ба фасли зимистон баррасӣ гардид
Дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд