Татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ оғоз ёфт

Апрель 8, 2015 14:21

Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Марҳабои Азамат ).- Чанде пеш дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ҷаласаи якуми Кумитаи идораи лоиҳаи “ Беҳдошти некуаҳволии аҳолии деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷаласа кори яксола, дурнамои соли 2015 ва мақсаду вазифаҳои лоиҳа, самтҳои асосии фаъолият мавриди муҳокима қарор гирифта, барои  татбиқи судманди лоиҳа тавсияҳо ироа шуданд.
Дар ин чорабинӣ сафири ФР дар Тоҷикистон И. С Лякин- Фролов, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ У. Давлатзод, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон А.В Зуев, ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти ноҳияҳои истифодабарандаи лоиҳа иштирок намуданд.
Тавре ки дар Сафорати ФР дар ҶТ тавзеҳ доданд,  мақсад аз “ Лоиҳаи беҳдошти некуаҳволии деҳот” дастгирии рушди иқтисодии 9 ноҳияи Тоҷикистон аз қабили ноҳияҳои Айнӣ, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон ҳамчунин 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ — Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол аст.
 Дар ҳошияи лоиҳа ба мақомоти маҳаллии ҳокимият барои тарҳезии судманд ва назорати рушти иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳо кӯмак карда  мешавад.
Дар ин бора аз Сафорати ФР дар ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Апрель 8, 2015 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад