Таъзияномаи ҷавонони Тоҷикистон

Апрель 6, 2015 11:16

Душанбе, 6.04.2015.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар деҳаи Яккабеди ноҳия Файзободро, ки ҷони 10 нафарро рабуд, шунида, таъзиянома қабул кардаанд, ки дар он аз ҷумла омадааст: 
«Бо таассуф бояд изҳор намоем, ки дар бисёр ҳолат инсон дар муқобили офатҳои табиӣ оҷиз мемонад, аммо ҷавононе, ки дар ин ҳодиса ҷони хешро аз даст доданд, ҳамеша дар ёди мо хоҳанд монд. Мо онҳоро ҳамчун ҷавонони созандаву бундёкор ва меҳанпараст дар қалбҳо нигоҳ медорем, зеро онҳо ҷавононе буданд, ки ба хотири бунёд кардани як гӯшаи Ватани маҳбуб-Тоҷикистон ва обёрӣ кардани як деҳа ба ҳашари умумӣ баромада, мехостанд бо меҳнату заҳмати софдилона лаби  ташналабонро тар намоянд. Якбора қурбон гардидани 10 нафар, ки миёнашон 8 нафар ҷавон мебошад, мо ва кулли ҷавонони кишварро сахт андӯҳгин намудааст. Ин ҳодисаро мо, ҷавонон ҳамчун фоҷиа қабул намуда, пайваста дуогӯи қурбониён мебошем.  
Таърих чунин ҳодисаҳои харобиовар ва талафоти ҷонидоштаро борҳо шоҳид гардидааст. Дар кишвари мо низ ҳолатҳои аз ҳодисаи табиӣ ҷон додани сокинон ба қайд гирифта шудааст. Аммо нафароне, ки маҳз ба хотири ободии мамлакат ва сабз гардонидани як гӯшаи диёр қурбон гардиданд, абадан дар ёдҳо боқӣ мемонанд. Номи онҳо ҳамеша ба некӣ ёд гардида, мардум дар ҳаққи эшон дуогӯ мебошанд.
Мо, роҳбарият аз номи худ ва кулли ҷавонони Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои вазнин ҳамдардии амиқи худро ба волидайне, ки фарзандони худро дар ин фоҷиа аз даст додаанд, баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем». 

Апрель 6, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид