Тоҷикистон — Қирғизистон дар масири дӯстӣ

Апрель 30, 2015 10:41

Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаи доир намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак бо иштироки аҳли фарҳанги Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои марзии ду кишвари ҳамҷавор ва ба ин васила табдил намудани марзҳои хеш ба «Сарҳади боварӣ» дар мулоқоти Сайдулло Хайруллоев -раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳориҷӣ /ҶДРФТ/ бо Мирослав Ниёзов -Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон матраҳ гардид.С. Хайруллоев гуфт, ки: «Мо ҷонибдори тақвият ёфтани муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳо ҳастем ва ба рушди бемайлони он дар давраҳои минбаъда умедворем».Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким бахшидани дӯстии байни миллатҳои тоҷику қирғиз дар назди ҶДРФТ Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Қирғизистон» фаъолият мекунад, ки дар тақвияти рафоқат байни мардумони мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Хусусан дар самти ошно намудани миллати тоҷик бо дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва адабиёти қирғиз бо ташаббуси ин Анҷуман намунаи асарҳои адиби машҳури қирғиз Чингиз Айтматов бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонандагони тоҷик хоҳад расид. Ҳамчунин доир ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи дигари барҷастаи адабиёти миллати қирғиз — «Манас» бо хатти алифбои арабиасос китобе омодаи чоп гардидааст.Мирослав Ниёзов гуфт, ки миллати тоҷику қирғиз аз умқи қарнҳо бо ҳамдигар робита ва муносиботи нек доранд ва хушбахтона, ин шеваи равобит то имрӯз ҳифз шудааст. Сафир афзуд, ки дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон саъй менамояд то ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш густариш ёбанд.

Апрель 30, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст