Тоҷикистон ба Конвенсияи пешгирии генотсид ҳамроҳ шуд
Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд. Дар иртибот ба ин 29 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро тасдиқ намуданд. Паҳлӯҳои сиёсию иқтисодии санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон Озода Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар тавзеҳ дода гуфт, давлатҳои Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ таъкид менамоянд, ки генотсид новобаста аз он, ки дар давраи ҷанг ё сулҳ содир гардидааст, ҷиноят маҳсуб ёфта, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро поймол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон генотсид ҳамчун ҷиноят эътироф гардидааст. Зикр шуд, ки меъёрҳои ҳуқуқии Конвенсияи мазкур ба кирдорҳое, ки нисбат ба онҳо ҷазо пешбинӣ мешаванд, ба ҷавобгарии ҳатмии ҷиноӣ кашидани шахсоне, ки генотсид содир намудаанд, андешидани чораҳои зарурӣ тибқи қонунгузорӣ бо мақсади пешбинӣ намудани ҷазо нисбат ба генотсидро ба танзим медарорад.Озода Раҳмон таъкид кард, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санад паҳлӯҳои мусбати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ дорад, зеро Иттиҳоди Аврупо қоидаҳои татбиқи низоми умумии имтиёзҳоро ба қарори муштараки Шӯрои Аврупо ва Комиссияи Аврупо аз 25 октябри соли 2012 қабул кардааст. Дар асоси муқаррароти қоидаҳои мазкур, Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имконият медиҳад, ки зимни ворид намудани молу маҳсулот ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, аз онҳо боҷҳои воридотӣ ситонида нашаванд. Яке аз шартҳои муҳими татбиқи имтиёзҳои тиҷоратӣ нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ин ҳамроҳ шудани кишварҳои рӯ ба рушд ба 27 конвенсия ва протоколҳои байналмилалӣ мебошад, ки ин Конвенсия аз зумраи онҳост. Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Аҳднома паҳлуҳои мусбати сиёсӣ дошта, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон дар назди шарикони аврупоӣ ва амрикоӣ таҳким мебахшад. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар афзуд, ки масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин Конвенсия борҳо дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Амрико ва дар муколамаҳои дуҷониба оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Назар ба маълумоти расмии котиби генералии СММ 146 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ, назири Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина ва Ӯзбекистон ба ин Конвенсия ҳамроҳ гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки Аҳдномаи мазкур, ки тибқи Қатъномаи умумии СММ аз 9 декабри соли 1948 қабул карда шудааст, яке аз кӯҳантарин санади ин созмони мӯътабари байналмилалӣ маҳсуб меёбад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






