Тоҷикистон-сипари асосӣ дар роҳи интиқоли маводи мухаддир

Апрель 24, 2015 10:14

Душанбе ,24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  23 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии зиддимухаддиротӣ, директори Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар Виктор Иванов дар шаҳри Маскав конфронси Дуюми вазирони зиддимухаддиротӣ “Таъсири маводи нашъаовар ба амнияти глобалӣ ва рушди устувор” баргузор гардид.
Муовини Котиби Генералии СММ — директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов сухани табрикотии Котиби генералии СММ Пан Ги Мунро дар конфронс қироат намуд.
Дар кори конфронс намояндагони 63 кишвар ва 7 созмони байналмилалӣ, аз қабили СҲШ, СААД ва БРИКС иштирок намуданд.
Дар чорчӯбаи конфронс масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди густариши истеҳсоли героин дар Афғонистон ва паҳншавии он мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин, диққати асосӣ ба фаъол гардонидани мубориза бар зидди истеҳсоли маводи нашъаовар бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар мамлакатҳое, ки ба интиқоли трансмиллии маводи нашъаовар ҷалб гардиданд, равона карда шуд.
Дар кори конфронс директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок ва баромад намуд. Ӯ дар баромади худ зикр намуд, ки Тоҷикистон доимо ба таҳким ва рушди ҳамкории байналмилалӣ диққати махсус медиҳад ва мунтазам бо ташаббусҳо, ки ба амалҳои муштараки ҳамоҳангкунандаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои бонуфузи баналмилалӣ равона гардидаанд, баромад мекунад.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар маркази истеҳсолкунандагони маводи нашъаовар ва кишварҳои истеъмолкунанда қарор дорад ва бинобар ин вазнинии асосии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро бар дӯш дорад ва сипари асосӣ дар роҳи интиқоли он мебошад. Директори Агентӣ иброз намуд, ки солҳои охир фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ ҷоннок гашта, хислати трансмиллӣ гирифтааст. Ин инчунин аз он вобаста аст, ки дар Афғонистон дар панҷ соли охир зиёд шудани майдони кишти кӯкнор ба назар мерасад.
Ҷиҳати муборизаи пурсамар бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбари Агентӣ пешниҳод намуд, ки механизми мубодилаи иттилоот бо мақсади бурдани назорат аз болои ҷойивазкунии пешвоён ва иштирокчиёни фаъоли гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар қаламрави кишварҳои минтақа ба роҳ монда шавад.

Апрель 24, 2015 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст