Вохӯрӣ перомуни масъалаи занҳои каноргузошта
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Семинари иттилоотии занҳои каноргузошта дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Королина Клучевский, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати дар ноҳия Дилшод Фаттоев, сардори Агентии шуғли аҳолии ноҳия Қаноатшо Қаландаров ва Сайдалӣ Сайдраҳмонов, роҳбари Ассотсиатсияи «Сурхоб» сухан гуфтанд. Роҳбари Ассотсиатсияи «Сурхоб» Сайдалӣ Сайдраҳмонов зикр намуд, ки имрўз муҳоҷироне ҳастанд, ки солҳои дароз дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият намуда, аз аҳволи фарзандонашон хабар намегиранд. Бисёр фарзандҳо ба синни 4-5 расидаву то ҳол падари худро надидаанд.
Аз ин лиҳоз, Ассотсиатсияи «Сурхоб» ба қадри имкон ба чунин оилаҳо кумаки худро дареғ намедоранд. Аллакай чанд рўз пеш, ба ин оилаҳо ба миқдори зарурӣ кумакҳои ғизоӣ расонида шуданд.
Сайдалӣ Сайдраҳмонов гуфт, ки машварати имрўза ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр бамаврид мебошад.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Дилшод Фаттоев дар бораи қонунҳои нави Федератсия Русия, буду боши шаҳрвандон, тарзи дурусти гирифтани Сертификат, патент, аз ташхиси тиббӣ гузаштан, бо корфармо шартнома бастан маълумоти муфассал дод.
Ў гуфт, ки пеш аз сафар ҳар як сокини ноҳия, ки омодаи сафар аст, бояд ҳатман ба бахши Хадамоти муҳоҷират омада, шиносномаи худро санҷад, ки мабодо дар рӯйхати мамнуъшудагон ворид нашуда бошад. Дар айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки алҳол шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, робитаи зич дошта бошад.
Сардори Агентии шуғли аҳолии ноҳия Қаноатшо Қаландаров дар бораи бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷироне, ки сафарашон ба Федератсияи Русия манъ аст, сухан гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ иттилоъ дод.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






