Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Корея

Апрель 13, 2015 08:58

Душанбе, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 12 апрели соли 2015 дар ҳошияи  Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Юн Бён-Се баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи хосса ба роҳҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи музокироти президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 12 апрели соли ҷорӣ дар Тегу ҳосил шуданд ва ба тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, зоҳир гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои баргузории машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карданд. Ба фаъол намудани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва ҷалби намояндагони бахши хусусии ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд алоқамандии ҳар ду ҷониб баён гардид. Дар ин росто зарурати дар наздиктарин фурсат таъсис додани Кумитаи муштарак барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея таъкид шуд.
Ҳамчунин дар атрофи ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи СММ ва Форуми ҳамкории «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» табодули назар сурат гирифт.
С.Аслов ба ҳамтои худ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.
Юн Бён-Се ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи кишварашро дар Конфронси байналмилалии Душанбе тасдиқ намуд.
 
 

Апрель 13, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст